Имрӯз, 14 феврал, дар Қасри фарҳанги ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба ифтихори 37-солагии Рӯзи Ҷанговарони Башардӯст чорабинии идона баргузор шуд. Дар маросим муовини якуми раиси ноҳия Мӯсозода Абдухолиқ Исо, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия-Қосимӣ…
Имрӯз, 14 феврал, дар Қасри фарҳанги ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба ифтихори 37-солагии Рӯзи Ҷанговарони Башардӯст чорабинии идона баргузор шуд. Дар маросим муовини якуми раиси ноҳия Мӯсозода Абдухолиқ Исо, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия-Қосимӣ Назокат, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорон ва шахсони фаъол ширкат карданд.
Ҳозирин бо гузоштани гулчанбар дар назди муҷассамаи Ҷанговарони Башардӯст хотираи афсарону сарбозонро пос доштанд. Мӯсозода Абдухолиқ Исо таъкид кард, ки ҷасорат ва фидокории ҷавонону сарбозони тоҷик дар Афғонистон намунаи абадӣ барои наслҳои оянда мебошад.
Дар ин рӯз ба як қатор Ҷанговарони Башардӯст ва шахсони фаъол списосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон супорида шуд.
Барномаи театрикунонидашудаи бахши фарҳангӣ фазои идонаро пуркушиш ва хотирмон гардонд.