Имрӯз, 14 январи соли 2026, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷаласаи Комиссияи амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти роҳбарии раиси комиссия - муовини якуми раиси ноҳия Мӯсозода Абдухолиқ баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои татбиқи меъёрҳои Қонуни забон, аз ҷумла коргузорӣ, риояи имло зимни таҳияи санадҳои расмӣ, эълону овезаҳо ва навиштаҷотҳои мағозаю нуқтаҳои хизматрасонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси комиссия таъкид намуд, ки забони давлатӣ ҳастии миллат буда, истифодаи дуруст ва арҷгузорӣ ба он вазифаи муқаддаси ҳар як корманди давлатӣ ва шаҳрванди мамлакат мебошад. Тибқи дастури ҷаласа, масъулини соҳа муваззаф гардиданд, ки барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт чораҳои зарурӣ андешида, амалӣ намоянд.