Бо мақсади шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, дар Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамоиши омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш муовини якуми раиси ноҳия Мӯсозода Абдухолиқ Исо ва сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия, генерал-майори милитсия Маҳмадзода Алимардон Маҳмад бо баромадҳои таҳлилӣ иштирок намуда, аҳамияти Паёми Пешвои миллатро ба ҳайати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ироа карданд.
Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки Паёми Пешвои миллат ҳуҷҷати муҳим, Барномаи амал буда, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлат, рушди соҳаҳои хоҷагии халқ, таъмини суботи сиёсӣ, волоияти қонун, таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ ва баланд бардоштани масъулияти хизматии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро муайян менамояд.
Ҳамчунин, ба масъалаҳои таъмини амнияти шаҳрвандон, пешгирии ҷинояткорӣ, таҳкими интизоми хизматӣ, боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва риояи қонуният таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда шуд. Баромадкунандагон зикр намуданд, ки татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат вазифаи аввалиндараҷаи ҳамагон маҳсуб меёбад.
Дар фарҷоми ҳамоиш таъкид шуд, ки ҳайати шахсии Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ минбаъд низ фаъолияти худро дар асоси дастуру ҳидоятҳои Паёми Пешвои миллат ба роҳ монда, барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеа тамоми кӯшишро ба харҷ хоҳад дод.