Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ вохӯрии гурӯҳи таблиғотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон доир ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ баргузор гардид.
Ҷаласа таҳти роҳбарии раиси ноҳия, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Амирзода Маҳмуд Ҳамид баргузор шуда, дар он муовини якуми раиси ноҳия Мусозода Абдухолиқ Исо, муовини раиси ноҳия Неъмонзода Шарофиддин, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Қосимӣ Назокат Шералӣ ва дигар шахсони фаъол иштирок намуданд.
Муҳтарам Амирзода Маҳмуд дар суханронии худ Паёмро шарҳу тавзеҳ дода, иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллатро муҳим арзёбӣ намуданд.