Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҳамоиши ҷашнӣ таҳти унвони «Фардои Тоҷикистон аз табассуми кӯдакон оғоз мешавад» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур…
Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҳамоиши ҷашнӣ таҳти унвони «Фардои Тоҷикистон аз табассуми кӯдакон оғоз мешавад» баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, иштирокчиёнро ба муносибати ин ҷашни фархунда табрик гуфтанд. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки кӯдакон ояндаи миллату давлат буда, ғамхорӣ нисбат ба онҳо, таъмини шароити мусоид барои таълиму тарбия, рушди қобилияту истеъдод ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ҳамеша дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Қайд карда шуд, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон барои тарбияи насли соҳибмаърифат, ватандӯст ва худогоҳ тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шуда, дастгирии кӯдакон ва наврасон аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Дар идомаи ҳамоиш барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки кӯдакону наврасони боистеъдод баргузор гардида, суруду таронаҳои ватандӯстона, рақсҳои миллӣ ва саҳнаҳои ҷолиби тарбиявӣ пешкаши иштирокчиён карда шуданд. Барнома ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшида, рӯҳияи идонаро бештар намуд.
Ҳамчунин, дар доираи чорабинии идона аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиёда аз 300 нафар кӯдак туҳфаҳои хотиравӣ ва шириниҳо тақдим карда шуданд. Ин иқдом боиси хушҳолии кӯдакон гардида, ба фазои идона ҳусни тоза зам намуд.
Ҳамоиши ҷашнӣ дар фазои дӯстиву самимият, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ғамхорӣ нисбат ба насли наврас ҷамъбаст гардида, бори дигар собит намуд, ки фардои ободу дурахшони Тоҷикистон аз табассум, дониш ва саодати кӯдакон оғоз меёбад.