Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар арафаи моҳвораи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадӣ бо иштироки масъулини Раёсати…
Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар арафаи моҳвораи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадӣ бо иштироки масъулини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар қисми ҳарбии 0336-и Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар шаҳри Бохтар мулоқот доир гардид.
Иштирокчиён аз шароити буду боши сарбозон ва фаъолияти қисми ҳарбӣ дидан намуда, бо сарбозон мулоқоту суҳбат анҷом доданд. Зимни чорабинӣ масъулин оид ба нақши ҷавонон дар ҳифзи марзу буми Ватан, таҳкими сулҳу субот ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ суханронӣ намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба як қатор афсарону сарбозон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, ба онҳо дар фаъолияти минбаъда барору муваффақият орзу карда шуд.