Имрӯз, 28 майи соли 2026 дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини якуми раиси Кумита Раҳимзода Шабнам Карим бо иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Дафтари барномаҳои UNODC дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Александр…
Имрӯз, 28 майи соли 2026 дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини якуми раиси Кумита Раҳимзода Шабнам Карим бо иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Дафтари барномаҳои UNODC дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Александр Федулов баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳо, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва роҳандозии ташаббусҳо дар самтҳои кор бо ҷавонон, рушди фаъолияти волонтёрӣ, тарбияи ватандӯстӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва баргузории барномаҳои омӯзиширо мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Кумита ва Дафтари барномаҳои UNODC дар Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ идома ёфта, барои татбиқи лоиҳаҳои нав заминаи мусоид фароҳам оварда мешавад.
Дар анҷоми мулоқот ба намояндаи Дафтари барномаҳои UNODC туҳфаи хотиравӣ бахшида ба рӯзи ҷаҳонии футбол тақдим гардида, вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳум анҷом ёфт.