Дар мусобиқаи бонуфузи байналмилалии «Grand Slam Abu Dhabi iPrime» намояндагони Тоҷикистон ба натиҷаи таърихӣ ноил гардиданд. Бори нахуст дар таърихи ҷиу-ҷитсуи кишвар ду варзишгари тоҷик миёни ҷитсерони касбӣ соҳиби медали тилло шуданд. Ҷитсерони…
Дар мусобиқаи бонуфузи байналмилалии «Grand Slam Abu Dhabi iPrime» намояндагони Тоҷикистон ба натиҷаи таърихӣ ноил гардиданд. Бори нахуст дар таърихи ҷиу-ҷитсуи кишвар ду варзишгари тоҷик миёни ҷитсерони касбӣ соҳиби медали тилло шуданд.
Ҷитсерони тоҷик Беҳном Разоқӣ дар вазни то 77 килограмм ва Абдураҳмони Баҳромҷон дар вазни то 85 килограмм миёни соҳибони камарбанди қаҳваранг ҳунару маҳорати баланд нишон дода, бар ҳамаи рақибони худ дастболо гардиданд.
Варзишгарони тоҷик дар рақобатҳои шадид бо беҳтарин ҷитсерон аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон иштирок намуда, бо иродаи қавӣ ва омодагии ҷисмониву техникӣ парчами Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштанд.
Мусобиқаи «Grand Slam Abu Dhabi iPrime» яке аз бонуфузтарин чорабиниҳо дар риштаи ҷиу-ҷитсу ба ҳисоб рафта, ҳамасола беҳтарин варзишгарони ҷаҳонро ба ҳам меорад. Ба даст овардани ду медали тилло аз ҷониби намояндагони Тоҷикистон дар чунин мусобиқаи сатҳи баланд дастоварди муҳиму таърихӣ барои варзиши кишвар арзёбӣ мегардад.