Имрӯз дар доираи Моҳвораи ҷавонон, бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, дар Корхонаи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқули шаҳри Душанбе ҳамоиши маърифатию сиёсӣ таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар 35 соли соҳибистиқлолӣ: дастовардҳо ва…
Имрӯз дар доираи Моҳвораи ҷавонон, бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, дар Корхонаи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқули шаҳри Душанбе ҳамоиши маърифатию сиёсӣ таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар 35 соли соҳибистиқлолӣ: дастовардҳо ва дурнамо» баргузор гардид.
Дар оғози ҳамоиш роҳбарияти муассиса вобаста ба аҳаммияти сиёсати давлатии ҷавонон, саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва нақши онҳо дар таҳкими дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ибрози назар намуд.
Зимни ҳамоиш муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода доир ба таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон, татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, рушди соҳаи варзиш ва дастовардҳои назарраси ин самт дар зарфи 35 соли соҳибистиқлолии кишвар андешаронӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа дар пешрафти давлат, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими суботу ваҳдати ҷомеа нақши муассир доранд.
Дар қисмати ҷамъбастии ҳамоиш, барои фаъолияти назаррас, иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва ба истиқболи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол, як қатор ҷавонони фаъоли корхона бо Сипосномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.