Санаи 14 майи соли равон дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар доираи Моҳвораи ҷавонон ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Ҷавонон-нерӯи созанда ва ояндаи давлату миллат» баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш…
Санаи 14 майи соли равон дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар доираи Моҳвораи ҷавонон ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Ҷавонон-нерӯи созанда ва ояндаи давлату миллат» баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш сардори Раёсати рушди иҷтимоии ҷавонони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилошуб Розикзода мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Сино Шералиев Парвиз ва масъулин омӯзгорону донишҷӯёни донишкада иштирок намуданд.
Зимни баромадҳо таъкид карда шуд, ки ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии кишвар нақши муҳим доранд. Ҳамзамон, зарурати тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва баланд бардоштани маърифати фарҳангии ҷавонон махсус зикр гардид.
Дар ҷараёни ҳамоиш маърӯзаҳои илмӣ ва баромадҳои таҳлилӣ оид ба мавқеи ҷавонон дар ҷомеа, саҳми онҳо дар рушди фарҳанг ва ҳифзи арзишҳои миллӣ пешниҳод карда шуданд.
Қисмати фарҳангии чорабинӣ хеле ҷолибу хотирмон баргузор гардида, донишҷӯён бо намоиши барномаҳои консертӣ, қироати шеър ва иҷрои сурудҳои ватандӯстона ҳунару истеъдоди худро пешкаши ҳозирин намуданд.
Дар анҷоми ҳамоиш ба як қатор ҷавонони фаъол барои саҳми арзандаашон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳо сипосномаҳо тақдим карда шуданд.