11 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин гардиданд. Ин сафар на танҳо идомаи муколамаи сатҳи олии сиёсӣ миёни ду кишвари дӯст ба шумор меравад,…
11 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин гардиданд. Ин сафар на танҳо идомаи муколамаи сатҳи олии сиёсӣ миёни ду кишвари дӯст ба шумор меравад, балки ҳамчун қадами муҳими дипломатӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ барои таҳкими муносибатҳои стратегӣ арзёбӣ мегардад. Истиқболи гарму самимии Роҳбари давлати Тоҷикистон дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Пекин бо сафороии қаровули фахрӣ ва парчамҳои давлатӣ бозгӯи сатҳи баланди эътимод ва эҳтироми мутақобилаи Тоҷикистону Чин мебошад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тағйироти мураккаби сиёсиву иқтисодии ҷаҳон, густариши робитаҳои байналмилалӣ барои ҳар давлат аҳамияти ҳаётӣ дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати хориҷии “дарҳои боз”-ро амалӣ намуда, бо давлатҳои абарқудрат ва созмонҳои байналмилалӣ муносибатҳои судмандро густариш медиҳад. Ҷумҳурии Мардумии Чин имрӯз яке аз шарикони асосӣ ва боэътимоди стратегии Тоҷикистон дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва гуманитарӣ ба ҳисоб меравад.
Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ, хонум Зоу Ҷиайи аҳамияти махсуси иқтисодӣ ва молиявӣ дошт. Дар рафти суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика, роҳсозӣ, нақлиёт, технологияҳои рақамӣ ва иқтисоди “сабз”-ро баррасӣ намуданд. Боиси таваҷҷуҳ аст, ки имрӯз дар Тоҷикистон бо дастгирии ин бонк лоиҳаҳое амалӣ мешаванд, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо зиёда аз 400 миллион долларро ташкил медиҳад. Илова бар ин, ба имзо расидани Нақшаи дарозмуддати сармоягузорӣ бо маблағи беш аз 800 миллион доллар нишонаи эътимоди ҷомеаи молиявии байналмилалӣ ба сиёсати иқтисодии Тоҷикистон мебошад.
Аз нуқтаи назари ҳуқуқи байналмилалӣ ва иқтисодӣ, чунин созишномаҳо аҳамияти калидӣ доранд, зеро онҳо дар асоси принсипҳои баробарҳуқуқӣ, эҳтироми соҳибихтиёрии давлатҳо ва ҳамкории судманд ба роҳ монда мешаванд. Тоҷикистон бо қабули қонун “Дар бораи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ” дар таҳрири нав, заминаҳои ҳуқуқии ҳифзи сармоягузоронро боз ҳам мустаҳкам намудааст. Ин санад кафолатҳои иловагии ҳуқуқӣ, шаффофияти расмиёти маъмурӣ ва шароити мусоид барои рушди бахши хусусиро пешбинӣ менамояд. Маҳз ҳамин ислоҳоти ҳуқуқӣ имрӯз Тоҷикистонро ба як кишвари ҷолиб барои сармоягузорони хориҷӣ табдил додааст.
Мулоқоти Пешвои маҳбуби миллат бо роҳбарону намояндагони ширкатҳои бузурги Ҷумҳурии Мардумии Чин боз як марҳилаи муҳими рушди дипломатияи иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки ҳаҷми сармоягузориҳои чинӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ба наздики 6 миллиард доллар расида, қисми зиёди онро сармояи мустақим ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда далели он аст, ки Чин ба рушди устувор ва ояндаи иқтисодии Тоҷикистон эътимоди баланд дорад.
Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои имкониятҳои бузурги гидроэнергетикӣ, захираҳои табиии бой ва мавқеи муҳими геостратегӣ дар минтақа мавриди таваҷҷуҳи сармоягузорони байналмилалӣ қарор гирифтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи захираҳои гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон ҷойи ҳаштумро ишғол намуда, дорои захираҳои муҳими тилло, нуқра, мис, литий, сурма, руҳ ва волфрам мебошад. Дар замони рушди иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои муосир, чунин маъданҳои стратегӣ аҳамияти ҷаҳонӣ касб намудаанд.
Аз ҷиҳати дипломатӣ, сафари давлатии Пешвои маҳбуби миллат ба Ҷумҳурии Мардумии Чин далели таҳкими шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ миёни ду кишвар мебошад. Тоҷикистон ва Чин дар чаҳорчӯби Созмони Ҳамкории Шанхай ҳамкории фаъол дошта, барои таҳкими сулҳу субот, мубориза бар зидди таҳдидҳои муосир ва рушди ҳамкориҳои гуманитарӣ саҳми арзанда мегузоранд. Дар мусоҳиба бо хабарнигори Агентии иттилоотии “Синхуа” муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар солҳои охир ба сатҳи нави сифатан баланд расидаанд ва байни роҳбарони ду давлат эътимоду муколамаи созанда вуҷуд дорад.
Дар доираи ташаббуси байналмилалии “Камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим” Тоҷикистон ҳамчун пули пайвасткунандаи Чин бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Ховари Миёна аҳамияти муҳими геоиқтисодӣ пайдо намудааст. Ташаккули долонҳои нави нақлиётиву иқтисодӣ дар ҳудуди Тоҷикистон имконият фароҳам меорад, ки кишвар ба маркази муҳими логистикӣ ва транзитии минтақа табдил ёбад. Ин омил на танҳо рушди иқтисоди миллӣ, балки таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ва болоравии нақши Тоҷикистонро дар сиёсати минтақавӣ таъмин менамояд.
Ҳамчунин, таваҷҷуҳи махсус ба иқтисоди “сабз”, рақамикунонӣ ва рушди зеҳни сунъӣ нишон медиҳад, ки Тоҷикистон мехоҳад дар баробари кишварҳои пешрафта ба иқтисодиёти инноватсионӣ гузар намояд. Форумҳои рақамии Тоҷикистону Чин ва имзои созишномаҳои нав дар самти технологияҳои иттилоотӣ барои рушди соҳибкории муосир ва иқтисоди рақамӣ заминаи мусоид фароҳам месозанд.
Натиҷаи муҳими ин сафар ба имзо расидани беш аз 50 санади ҳамкорӣ мебошад, ки ҷалби зиёда аз 8 миллиард доллар сармояро ба иқтисоди Тоҷикистон дар назар доранд. Ин созишномаҳо на танҳо рушди саноат, энергетика, нақлиёт ва кишоварзиро таъмин мекунанд, балки ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, болоравии сатҳи зиндагии мардум ва таҳкими иқтидори иқтисодии давлат мусоидат менамоянд.
Дар маҷмӯъ, сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин аҳамияти бузурги сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва дипломатӣ дошта, бозгӯи он аст, ки Тоҷикистон дар сиёсати байналмилалӣ ҳамчун давлати сулҳпарвар, соҳибэҳтиром ва шарики боэътимод мавқеи устувор касб намудааст. Ин сафар марҳилаи нави рушди муносибатҳои Тоҷикистону Чинро оғоз намуда, барои таҳкими ҳамкории стратегӣ, рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва густариши нуфузи байналмилалии Тоҷикистон заминаи устувор мегузорад.
Самандарзода Фаридун — омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва табиӣ-риёзии Донишкадаи иқтисодиёти ҷаҳон ва дипломатияи ДБССТ.