Дар доираи нақша чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 11 уми майи соли равон дар шаҳри Турсунзода бо иштироки гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави…
Дар доираи нақша чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 11 уми майи соли равон дар шаҳри Турсунзода бо иштироки гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат” ҳамоиш доир гардид.
Дар кори ҳамоиш намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, мудири бахши кор бо чавонон ва варзиши шаҳри Турсунзода ва намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироку суханронӣ намуданд.
Қайд шуд, ки гирандагони Стипендияи Президентӣ ҳамчун ҷавонони фаъолу ташаббускор бояд бо донишандӯзӣ, ахлоқи намунавӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ барои ҳамсолони худ намуна бошанд.
Дар ҷараёни ҳамоиш хонандагони фаъол барои шаш моҳи таҳсил маблағи стипендия дар ҳаҷми 6048 сомонӣ дарёфт намуданд, ки ин иқдом ҳамчун нишонаи қадршиносӣ аз талошу муваффақиятҳои онҳо арзёбӣ гардид.
Дар фарҷоми чорабинӣ ҷавонон аз дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки бо таҳсили аъло ва хизмат ба Ватан ба ин боварӣ сазовор хоҳанд буд.