Имрӯз дар доираи нақшаи муштараки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе ва Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар робита ба 23 май - "Рӯзи…
Имрӯз дар доираи нақшаи муштараки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе ва Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар робита ба 23 май - "Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон" ва 25 май - Рӯзи ҷаҳонии футбол, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ мусобиқаи футболи хурдро миёни кормандони вазорату идора ва ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои дарёфти "Ҷоми Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ" дар майдони варзишии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ баргузор намуд.
Дар маросими кушодашавии мусобиқаи мазкур муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ - Манижабону Аминзода, сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва омавигардонии варзишии дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Шаҳобзода Сайалӣ, мурдири бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Саидумарзода Бобохон, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроия иштирок ва суханронӣ намуданд.
Инчунин 26 дастаи футболбозон аз вазорату идора ва ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар кушодашавии мусобиқаи мазкур иштирок намуда, бо ҳам рақобат менамоянд.
Дар ҷамъбасти мусобиқа дастаҳои ғолиб бо ҷом, медал, диплом ва маблағҳои пулӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ мегарданд.