Ҷавонон неруи пешбаранда ва ояндасози ҳар як ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Ҳар миллате, ки ҷавонони босавод, бофарҳанг ва фаъол дорад, метавонад ба пешрафтҳои бузург ноил гардад. Аз ҳамин сабаб, таваҷҷуҳ ба тарбия ва рушди ҷавонон яке аз масъалаҳои…
Ҷавонон неруи пешбаранда ва ояндасози ҳар як ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Ҳар миллате, ки ҷавонони босавод, бофарҳанг ва фаъол дорад, метавонад ба пешрафтҳои бузург ноил гардад. Аз ҳамин сабаб, таваҷҷуҳ ба тарбия ва рушди ҷавонон яке аз масъалаҳои муҳимтарин дар ҷомеаи муосир мебошад.
Имрӯз ҷавонон дар давраи рушди босуръати технология ва иттилоот зиндагӣ мекунанд. Интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои муосир ба онҳо имконият медиҳанд, ки дониш ва маълумоти зиёд ба даст оранд. Бо вуҷуди ин, истифодаи нодурусти ин воситаҳо метавонад ба вақтгузаронии беҳуда ва ҳатто ба коста шудани ахлоқ оварда расонад. Аз ин рӯ, ҷавонон бояд аз технологияҳо оқилона истифода бурда, вақти худро ба омӯзиш, худтакмилдиҳӣ ва корҳои муфид сарф намоянд.
Яке аз вазифаҳои асосии ҷавонон гирифтани таҳсилоти босифат мебошад. Илм калиди муваффақият аст. Ҷавоне, ки дониш дорад, метавонад дар ҳама соҳаҳо пешсаф бошад ва барои рушди Ватан саҳми худро гузорад. Илова бар ин, ҷавонон бояд ҳунар омӯзанд, зеро касбу ҳунар инсонро мустақил ва боваринок месозад.
Нақши оила дар тарбияи ҷавонон бисёр бузург аст. Волидайн аввалин мураббиёни фарзандон мебошанд. Онҳо бояд ба фарзандони худ намунаи хуб бошанд, онҳоро ба роҳи рост ҳидоят кунанд ва дар онҳо ҳисси эҳтиром ба бузургсолон, муҳаббат ба Ватан ва масъулиятшиносиро тарбия намоянд. Мактаб ва омӯзгорон низ дар ин раванд саҳми калон доранд. Онҳо на танҳо дониш медиҳанд, балки ахлоқу рафтори дурустро низ меомӯзонанд.
Ҷавонон бояд дар ҳаёти ҷамъиятӣ фаъол бошанд. Иштирок дар чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва иҷтимоӣ ба онҳо имкон медиҳад, ки қобилиятҳои худро нишон диҳанд ва таҷрибаи зиндагӣ ба даст оранд. Варзиш, махсусан, барои солимии ҷисмонӣ ва рӯҳии ҷавонон аҳамияти калон дорад.
Аммо дар ҷомеа баъзе мушкилот низ вуҷуд доранд, ки метавонанд ба ҷавонон таъсири манфӣ расонанд. Масалан, бекорӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва таъсири фарҳангҳои бегона. Барои ҳал кардани ин мушкилот, ҳам давлат ва ҳам ҷомеа бояд шароити беҳтар фароҳам оваранд, то ҷавонон тавонанд дониш омӯзанд, кор кунанд ва зиндагии шоиста дошта бошанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Ҷавонон сарвати бебаҳои миллатанд. Ояндаи давлат аз онҳо вобаста аст. Агар ҷавонон бо масъулият, дониш ва ахлоқи нек зиндагӣ кунанд, ҷомеа рушд ёфта, Ватан ободу пешрафта хоҳад шуд. Аз ин рӯ, ҳар як ҷавон бояд кӯшиш намояд, ки шахсияти комил гардад ва барои фардои дурахшони кишвар саҳми арзанда гузорад.
Содиқова Субҳия Гирандаи Стипендияи Президентӣ дар ноҳияи Фирдасии шаҳри Душанбе