Имрӯз, 16 апрели соли 2026 дар толори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти корӣ вобаста ба ҷамъбаст ва таҳлили натиҷаҳои амалисозии нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар…
Имрӯз, 16 апрели соли 2026 дар толори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти корӣ вобаста ба ҷамъбаст ва таҳлили натиҷаҳои амалисозии нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, дар марҳилаи якум (солҳои 2021–2025) баргузор гардид.
Мулоқоти мазкур таҳти роҳбарии муовини аввали Раиси Кумита Раҳимзода Шабнам ва бо иштироки намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Воҳидзода Хушбахт доир карда шуд.
Зимни баргузории мулоқот масъалаҳои марбут ба таъмини иҷрои босифат ва саривақтии чорабиниҳои пешбинишуда, таҳкими заминаи меъёриву ҳуқуқӣ, рушди механизмҳои муассири пешгирии коррупсия, инчунин баланд бардоштани сатҳи шаффофият ва масъулиятнокии фаъолияти мақомоти давлатӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
Қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати такмили заминаи қонунгузорӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири иттилоотӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тақвияти ҳамоҳангсозии байниидоравӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ гардидаанд.
Ҳамзамон, иштирокчиёни мулоқот ба як қатор масъалаҳои ҳалталаб, аз ҷумла зарурати тақвияти назорат аз болои раванди иҷрои чорабиниҳо, тавсеаи истифодаи хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ, баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандон ва густариши корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии амалисозии Стратегияи мазкур ва таъмини омодагии ҳамаҷониба ба марҳилаи дуюми он (солҳои 2026–2030) тавсияҳои дахлдор пешниҳод гардида, ба сохторҳои масъул супоришҳои мушаххас дода шуданд.