eDavlat
Государственные символы
RU
TJ
RU
EN
Государственные органы
Загрузка…
Онлайн-чат
Открыть меню
RU
TJ
RU
EN
МУНТАХАБИ НАВРАСОНИ ТОҶИКИСТОН (U-16) ДАР ТОШКАНД ҒОЛИБИ ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2026 ГАРДИД!
Главная
More
Комитет по делам молодежи и спорта при Правительстве Республики Таджикистан
Новости
МУНТАХАБИ НАВРАСОНИ ТОҶИКИСТОН (U-16) ДАР ТОШКАНД ҒОЛИБИ ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2026 ГАРДИД!
14 апреля 2026
МУНТАХАБИ НАВРАСОНИ ТОҶИКИСТОН (U-16) ДАР ТОШКАНД ҒОЛИБИ ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2026 ГАРДИД!
Дастаи то 16-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ҷаъфар Ахмедов дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки дар Тошканд санаи 13 апрели соли 2026 ба анҷом расид, ғолиб омад. Дар даври ниҳоии мусобиқа дастаи наврасони мо бо ҳамтоёни худ…
Previous slide
Next slide
Дастаи то 16-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ҷаъфар Ахмедов дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки дар Тошканд санаи 13 апрели соли 2026 ба анҷом расид, ғолиб омад.
Дар даври ниҳоии мусобиқа дастаи наврасони мо бо ҳамтоёни худ аз Ӯзбекистон мусовӣ – 0:0 карданд. Қаблан мунтахаби наврасони Тоҷикистон тимҳои Туркманистон (5:1), Қирғизистон (4:0) ва Афғонистон (3:2)-ро мағлуб карда буд.
Ҳамин тариқ, наврасони то 16-солаи Тоҷикистон бо касби 10 имтиёз зинаи аввалро ишғол карда, ғолиби Чемпионати CAFA-2026 шуд. Медалҳои нуқраро тими Ӯзбекистон (8 имтиёз) ва нишонҳои биринҷиро Қирғизистон (6 имтиёз) соҳиб шуд.
Ин бори панҷум аст, ки дастаи наврасони Тоҷикистон дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ғолиб меояд. Наврасони мо қаблан дар солҳои 2019, 2022, 2023 ва 2025 дар мусобиқаи CAFA ғолиб омада буд.
Дар натиҷаи мусобиқа ду бозигари мунтахаби мо бо ҷоизаҳои инфиродӣ сарфароз шуданд. Биҳиштӣ Раҷабзод ҷоизаи "Бозигари муфидтарин" (MVP)-ро ба даст овард. Сиёвуш Назаров бошад, бо задани чор гол беҳтарин нишонзан эътироф гардид.
Единый портал государственных услуг
Президент Республики Таджикистан
Комитет по делам женщин и семьи при Правительстве Республики Таджикистан
Национальное информационное агентство Таджикистана «Ховар» (НИАТ «Ховар»)
Агентство инноваций и цифровых технологий при Президенте Республики Таджикистан
ОАО «Удостоверяющие центры, государственные услуги и разработка цифровых программ»