eDavlat
Государственные символы
RU
TJ
RU
EN
Государственные органы
Загрузка…
Онлайн-чат
Открыть меню
RU
TJ
RU
EN
Машварати корӣ 03.04.2026
Главная
More
Комитет по делам молодежи и спорта при Правительстве Республики Таджикистан
Новости
Машварати корӣ 03.04.2026
Единый портал государственных услуг
Президент Республики Таджикистан
Комитет по делам женщин и семьи при Правительстве Республики Таджикистан
Национальное информационное агентство Таджикистана «Ховар» (НИАТ «Ховар»)
Агентство инноваций и цифровых технологий при Президенте Республики Таджикистан
ОАО «Удостоверяющие центры, государственные услуги и разработка цифровых программ»
3 апреля 2026
Машварати корӣ 03.04.2026
3 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд. Машварати корӣ бо иштироки аъзои Кумитаи тадорукот…
Previous slide
Next slide
3 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд.
Машварати корӣ бо иштироки аъзои Кумитаи тадорукот доир ба истиқболи сазовор аз солгарди 35-уми Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Доир ба рафти иҷрои барномаи омодагиҳо гузориши аъзои Кумитаи тадорукот, аз ҷумла роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, шунида шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки тамоми чорабиниҳои ҷашнӣ дар пойтахт, марказҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар бо омодагии ҳамаҷониба ва мазмуну мундариҷаи баланд баргузор карда шаванд.
Таъкид гардид, ки таҷлили сазовор ва пуршукуҳи ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон метавонад ба эҳёи хотираи таърихӣ, таҳкиму тақвияти худшиносиву худогоҳии мардум, бахусус ҷавонону наврасон ва баланд бардоштани ҳисси ифтихору сарфарозӣ аз таърихи бостонӣ, фарҳанги пурғановат ва тамаддуни бузурги ориёӣ мусоидати фаъол намояд.
Тавре иттилоъ доданд, дастуру таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва руҳияи баланди омодагӣ ба ин ҷашни бузурги миллӣ, ҳамчунин ба раванди бунёдкорию созандагӣ дар тамоми қаламрави кишвар, такони ҷиддӣ додааст, зеро дар доираи омодагӣ ба он беш аз 30 ҳазор иншооти ҷашнӣ сохта ба истифода дода шуда, садҳо ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегардад.
#ЭмомалӣРаҳмон
#ЭмомалиРахмон
#EmomaliRahmon
#Тоҷикистон
#Таджикистан
#Tajikistan
#Президент
#President
#Тоҷикон
#Таджики