Санаи 5 марти соли равон бо мақсади болидарӯҳии модарон ва дар замири сарбозон ҷой намудани эҳсоси гарми дӯстдории Модар — Ватан, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии…
Санаи 5 марти соли равон бо мақсади болидарӯҳии модарон ва дар замири сарбозон ҷой намудани эҳсоси гарми дӯстдории Модар — Ватан, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ба ифтихори Рӯзи Модар аксияи ҷумҳуриявиро таҳти унвони «Тӯҳфа ба Модар» роҳандозӣ намуданд.
Қабл аз сафарбар гардидани сарбозон Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад бо онҳо суҳбати самимӣ анҷом дода, онҳоро ба эҳтирому қадршиносии модар ва хизмати содиқона ба Ватан ҳидоят намуданд.
Дар доираи аксияи мазкур сарбозоне, ки муддати зиёд ба рухсатии хизматӣ нарафтаанду бо сарбаландӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷрои хизмати ҳарбӣ менамоянд ва ташнаи дидори модари хешанд, ба таври ногаҳонӣ бо тӯҳфаву дастовез бо роҳбаладии масъулини Кумита ба назди модаронашон ба шаҳру ноҳияҳои кишвар сафарбар гардиданд.
Зимнан, дар доираи аксия ба сарбозон аз ҷониби сохторҳои низомие, ки онҳо дар он ҷо ифои хизмати ҳарбӣ доранд, ба муҳлати 7 шабонарӯз рухсатии хизматӣ дода шуд.
Дӯст доштани Модар — Ватан шарафи бузург барои ҳар ҷавонмард аст!