Имрӯз, 21 феврали соли 2026 дар доираи соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» дар Боғи Ғалаба, бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва…
Имрӯз, 21 феврали соли 2026 дар доираи соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» дар Боғи Ғалаба, бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, сохторҳои тобеи Кумита дар шаҳри Душанбе аксияи "Як ҷавон - як дарахт" роҳандозӣ гардид, ки дар аксияи мазкур, роҳбарият ва ҳайати кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини сохторҳои тобеи Кумита дар шаҳри Душанбе, ҷавонон, донишҷӯён, хонандагон, варзишгарон ва фаъолони ҷомеа бо руҳияи баланди масъулиятшиносӣ дар маъракаҳои ниҳолшинонӣ ширкат варзида, дар ҳудуди мавзеи ҷудошуда дар Боғи Ғалаба ниҳолҳо ва дарахтони ҳамешасабз шинонида шуданд.
Ин иқдоми созанда рамзи таваҷҷуҳи ҷавонон ба ҳифзи табиат, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар сарсабзии Тоҷикистони маҳбуб маҳсуб меёбад.
Аксияи «Як ҷавон – як дарахт» на танҳо маъракаи ниҳолшинонӣ, балки ҳаракати умумиҷумҳуриявӣ дар роҳи бунёдкорӣ, созандагӣ ва таъмини рушди устувори кишвар мебошад.
Баргузории аксияи мазкур дар шаҳру ноҳияҳо бомаром идома дорад.
Барои сарсабзии диёр саҳм мегузорем
Реша дар хоки Ватан 
Тасаввур кунед…
Агар дар кишвари азизамон Тоҷикистон тақрибан 3 000 000 ҷавон (14–35 сола) бошад
ва ҳар як ҷавон танҳо 1 дарахт шинонад