Санаи 19 феврали соли 2026 бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавии сарбозону афсарон ва ҷавонони синни даъватӣ таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат дар бунёд ва таҳкими Қувваҳои Мусаллаҳи…
Санаи 19 феврали соли 2026 бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавии сарбозону афсарон ва ҷавонони синни даъватӣ таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат дар бунёд ва таҳкими Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” бахшида ба 33-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, ҳайати фармондеҳию афсарӣ, сарбозони ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷавонони синни даъватӣ иштирок намуданд.
Ҳамоиш бо тадбирҳои ташкилии ҷобаҷокунии ҳайати шахсӣ оғоз гардида, сипас дар саҳни Кумита дифиле бо иштироки сарбозони Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намоиши машқҳои тактикии хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамзамон, ролики идона бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Дар қисмати расмии ҳамоиш Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толор ворид карда шуда, Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод.
Бо сухани ифтитоҳӣ раиси Кумита Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад баромад намуда, аз хизматҳои таърихии Пешвои миллат дар таъсис, рушд ва таҳкими Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар гардида, нақши Артиши миллӣ дар таъмини амнияти давлат ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолиятро муҳим арзёбӣ намуд.
Ҳамчунин, муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Раҳимзода Музаффар Анвар, муовини Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ полковники гвардия Собириён Маҳмаднаим Юсуф, муовини сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ генерал-майор Мирзозода Абдулвоҳид Давлат ва сардори шуъбаи корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ ва алоқа бо ҷомеаи Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковник Сафарзода Абдусалим Сафар суханронӣ намуда, оид ба таҳкими қобилияти мудофиавии кишвар, тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва боло бурдани ҳисси масъулияти хизматчиёни ҳарбӣ андешаҳои судманд баён доштанд.
Дар доираи ҳамоиш ба як қатор сарбозону афсарони намунавӣ туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо иҷрои оҳангу навозишҳои миллӣ аз ҷониби Оркестри нафасии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ идома ёфта, инчунин сурудҳои ватандӯстона дар иҷрои Амирҷон Муродов, Шаҳноза Шоева, Қаландарбек Қаландарбеков ва Фаридуншоҳ Иброҳимзода пешниҳоди иштирокчиён гардонида шуд.