Имрӯз, 17 феврали соли 2026 дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Саидмумин Раҳимов бахшида ба 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавии сатҳи баланд баргузор гардид. Дар чорабинии…
Имрӯз, 17 феврали соли 2026 дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Саидмумин Раҳимов бахшида ба 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавии сатҳи баланд баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — Гулаҳмадзода Зулфикор Аҳмад, муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон — Раҳимзода Музаффар Анвар, ҳайати роҳбарияти донишкада, намояндагони мақомоти давлатӣ, омӯзгорону донишҷӯён ва доираи васеи ҷавонон иштирок намуданд.
Зимни суханрониҳо зикр гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рукни муҳими давлатдорӣ дар ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, таъмини амнияти миллӣ, суботи сиёсӣ ва тамомияти арзии кишвар нақши калидӣ доранд. Ҳамзамон таъкид шуд, ки тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, садоқат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва омодагӣ ба ҳимояи марзу буми кишвар аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон ба ҳисоб меравад.
Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи фарҳангӣ-ватандӯстона пешкаши ҳозирин гардида, ба як қатор хизматчиёни ҳарбӣ, варзишгарон ва ҷавонони фаъол барои саҳми арзанда дар таҳкими тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, рушди соҳаи варзиш ва тарғиби арзишҳои миллӣ сипоснома ва тӯҳфаҳо тақдим карда шуд.
Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ, эҳсоси баланди ватандорӣ ва ифтихор аз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом пазируфт.