Дар доираи сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади рушди соҳаи варзиш,эҳёи анъанаҳои миллӣ, санаи 15 феврали соли 2026 дар ноҳияи Темурмалик…
Дар доираи сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади рушди соҳаи варзиш,эҳёи анъанаҳои миллӣ, санаи 15 феврали соли 2026 дар ноҳияи Темурмалик мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» баргузор гардид.
Дар мусобиқаи мазкур Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор ва ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймумин Раҳимов Иброимзода Амирҷон иштирок намуданд.
Мусобиқа бо иштироки паҳлавонони ҷавон ва варзишгарони соҳибтаҷриба баргузор гардида, рақобатҳо дар фазои солим, шаффоф ва рӯҳияи дӯстиву бародарӣ ҷараён гирифтанд. Ҳар як қувваозмоӣ хеле ҷолибу хотирмон буда, маҳорати баланди варзишгарон ва омодагии хуби онҳо бозгӯи таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҷавонон ба ин намуди варзиш мебошад.
Ташкил ва баргузории чунин чорабиниҳо ба рушди минбаъдаи гӯштини миллӣ, таҳкими анъанаҳои варзишӣ, ҷалби бештари ҷавонон ба варзиш ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ мусоидат менамояд.