Санаи 10 феврали соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи корӣ бо иштироки Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад, муовини Раиси шаҳри…
Санаи 10 феврали соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи корӣ бо иштироки Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад, муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, намояндагони сохторҳои дахлдор ва масъулини факултетҳо баргузор гардид.
Дар ҷаласа Раиси Кумита Гулаҳмадзода З.А. вобаста ба дастгириҳои пайваста ва таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва нуқтаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат суханронӣ намуданд. Зикр гардид, ки маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дастгириҳои ҳамешагии Роҳбари давлат барои ҷавонони кишвар шароити мусоид фароҳам оварда шуда, ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи онҳо, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби фаъолонаи ҷавонон ба ҳаёти ҷамъиятӣ тадбирҳои муассир амалӣ гардида истодаанд.
Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки Кумита минбаъд низ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор ҷиҳати татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, дастгирии ташаббусҳои созандаи ҷавонон ва таҳкими нақши онҳо дар пешрафти ҷомеа фаъолияти худро тақвият мебахшад.
Зимни баррасӣ масъалаҳои марбут ба дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани мулоқоту вохӯриҳо бо усули «факултет ба факултет» ва «курс ба курс» мавриди таҳлил қарор гирифта, таъкид гардид, ки чунин шакли корбарӣ ба таҳкими ҳамкориҳои дохилидонишгоҳӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандии донишҷӯён мусоидат менамояд.
Ҳамзамон зикр шуд, ки баргузории мулоқоту вохӯриҳои мунтазам дар доираи усулҳои мазкур барои тақвияти корҳои тарбиявию фаҳмондадиҳӣ, пешгирии омилҳои номатлуб, ҷалби бештари ҷавонон ба ҳаёти ҷамъиятӣ ва рушди тафаккури созандаи онҳо заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар фарҷоми ҷаласа ба масъулини соҳа ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани корҳои ташкиливу иттилоотӣ, таҳияи нақшаи чорабиниҳо ва таъмини иштироки фаъоли донишҷӯён дар мулоқоту вохӯриҳо супоришҳои мушаххас дода шуданд.