Таҳти чунин унвон имрӯз дар доираи нақша – чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи идона доир гардид.
Дар чорабинии мазкур Зулфиқор Гулаҳмадзода – Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маликшо Неъматзода – муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, масъулин ва собиқадорони соҳаи варзиши кишвар, роҳбарони вазорату идораҳо, мураббиёни муассисаҳои тайёрии варзишӣ, варзишгарон ва ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок намуданд.
Нахуст, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, ҳозирини маросим, бахусус собиқадорон ва варзишгарони кишварро, ки шарафи варзиши мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштаанд, табрик намуданд.
Зимнан иброз гардид, ки соҳаи варзиш зери таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, самти афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Ҳамин аст, ки ҳамасола заҳмату талош ва меҳнатҳои масъулини соҳаи варзиш ва варзишгарони мамлакат қадрдонӣ мешавад. Соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз рукнҳои арзишмантарин ва муҳимтарини ҷомеа барои тарбияи насли наврас ва инсоният ба ҳисоб меравад. Зеро мақсади асосии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш танҳо иборат аз таҳкими саломатии инсон нест, балки он бо тарбияи меҳнатӣ, ақлӣ, ахлоқӣ ва эстетикӣ низ пайванди ногусастанӣ дошта, муаррифи давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Дар идома баъд суханронии расмӣ собиқадорони соҳаи варзиш, мураббиён ва варзишгарони муваффақи кишвар бо тӯҳфаҳо ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд.
Пас аз супоридани туҳфаҳо қисми фарҳангии чорабинӣ оғоз шуда, ҳунармандони мумтози кишвар баҳри болидаруҳии ҳозирин сурудҳои худро пешкаш намуданд.