Қундузи Колорадо яке аз ҳашаротҳои хатарнок ва карантинии картошка ба ҳисоб меравад. Ин ҳашарот метавонад дар муддати кӯтоҳ ҳосили шуморо ба таври ҷиддӣ зарар расонад. Модинаи он дар як мавсим то 400–2400 тухм мегузорад. Танҳо баъди 7 рӯз аз ин…
Қундузи Колорадо яке аз ҳашаротҳои хатарнок ва карантинии картошка ба ҳисоб меравад. Ин ҳашарот метавонад дар муддати кӯтоҳ ҳосили шуморо ба таври ҷиддӣ зарар расонад.
Модинаи он дар як мавсим то 400–2400 тухм мегузорад. Танҳо баъди 7 рӯз аз ин тухмҳо кирмакҳо пайдо шуда, ба баргҳои картошка ҳамла мекунанд. Гамбусакҳои болиғ низ хеле сериштиҳо буда, дар як шабонарӯз метавонанд як буттаи картошкаро пурра нобуд созанд.
Барои мубориза бар зидди қундузи Колорадо метавон аз ин доруҳо истифода бурд:
• БИ-58 Нав – 15 мл ба 10 литр об
• Нурелл-Д – 15 мл ба 10 литр об
• Каратэ – 2,5 мл ба 10 литр об
• Десис – 2,5 мл ба 10 литр об
Аз ин рӯ, интихоби дурусти заҳрдору ва истифодаи саривақтии он калиди ҳифзи ҳосили шумост.