Гузориши илмӣ амалӣ оид ба натиҷаи кории кормандони Институти ҳифзи растаниҳои АИКТ, ба ноҳияҳои Восеъ ва Фархори вилояти Хатлон барои омўзиши ҳолати фитосанитарии кишти зироатҳои пахта, боғу ток, кишти такрори, паҳншавии ҳашаротҳои зараррасон ва…
Гузориши илмӣ амалӣ оид ба натиҷаи кории кормандони Институти ҳифзи растаниҳои АИКТ, ба ноҳияҳои Восеъ ва Фархори вилояти Хатлон барои омўзиши ҳолати фитосанитарии кишти зироатҳои пахта, боғу ток, кишти такрори, паҳншавии ҳашаротҳои зараррасон ва касалиҳо то 19 июли соли 2026.
Маълумоти умуми аз ноҳияи Восеъ
Пахта - 7500га ( аз ин 2500га зери плёнка)
Ғалладонагиҳо – 8000га
Ҷуворимакка - 3000га якҷо бо кишти
такрорӣ
Сабзавот -2000 га
Полезӣ - 1000га
Боғу ток - 3000га
Дар асоси сафари корӣ хоҷагиҳои кишоварзии ҷамоатҳои :Хулбук, Миралиобод, Абди Аваз ва Тугараки ноҳияи Восеъ ҳолати фитосанитарии киштзорҳои пахта мавриди омузиш ва мушоҳида қарор дода шуд.
Дар ноҳияи Восеъ кишти пахта дар майдони 7500га ба роҳ монда шудааст,ки аз ин 2500га бо усули зери плёнка кишт гардидааст.То имрўз киштзорӣ пахтаи хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи --Восеъ дар аксари қитъаҳо дар марҳилаи муғчабандӣ, гулкунӣ ва ташакули ғузаҳо қарор дорад.
Зимни азназаргузаронии қитъаҳои пахтазор маълум гардид,ки коркардҳои агротехникӣ, обёрии саривақти бо меъёрҳои муайян шуда, нармкунии байни қаторҳо, ғизодии иловагӣ ва тоза кардани майдонҳо аз алафҳои бегона, дар хоҷагиҳо хуб ба роҳ монда шуда, идома дорад. Ҳангоми азназаргузаронии майдонҳои пахтазор мавҷудияти як қатор зараррсонҳо мушоҳида гардид:
Тортанаккана
Дар ҳавои гарму хушк афзоиш ёфта шираи баргро аз поён макида дар барг нуқаҳои зарди майда пайдо шуда, баъд хушк шуда меафтанд, ба гулу куракҳо ҳам таъсир расонида ба инкишофи сусти зироати пахта оварда мерасонад.