Бо супориши Вазири Кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти АИКТ санаи 14-15 июли соли ҷорӣ, кормандони Институти ҳифзи растаниҳои АИКТ,баҳри гузаронидани мушоҳидаҳои илмӣ аз рӯи касаливу ҳашаротҳои зараррсони (хусусан тортанаккана ва кирми…
Бо супориши Вазири Кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти АИКТ санаи 14-15 июли соли ҷорӣ, кормандони Институти ҳифзи растаниҳои АИКТ,баҳри гузаронидани мушоҳидаҳои илмӣ аз рӯи касаливу ҳашаротҳои зараррсони (хусусан тортанаккана ва кирми ғуза) зироатҳои кишоварзӣ ва боғу ток дар хоҷагиҳои «Зироаткор», боғи Дустии шаҳри Ҳисор ва боғи Хуталони шаҳри Душанбе
сафари корӣ доштанд. Дар рафти сафари корӣ аз киштзори зироати пахта дар хоҷагии таҷрибавии «Зироаткорӣ» шаҳраки Шарораи ш.Ҳисор маълум гардид,ки зироати пахта дар ҳолати хубӣ нашъунамо қарор дошта, эҳтиёҷ ба кокардҳои агротехникӣ: тоза кардани замин аз алафҳои бегона ва додани ғизоҳои иловагӣ азотиву фосфориро дорад.Аз ҳашаротҳои зараррсон дар зироати пахта дар қисман ҷойҳо ба андозаи на онқадар зиёд, ҳашароти зараррасони тортанаккана ва сафедболак мушоҳида гардид.
Тортанакка- Ҳашароти макандаи аз ҳама зиёд зараррасони пахта буда, қариб то 50% ҳосилро нобуд месозад.
Ин зараррасон ба зиёда аз 100 намуд ҳашароти киштшуда ва растаниҳои ёбои ба ғайр аз гандум ва ҷав зарар мерасонад. Тортанаккана асосан дар таги барг ҷойгир шуда, шираи баргро мемакад,дар натиҷа дар қисми болои баргҳо доғҳои зардчатоб пайдо шуда баъдан баргҳо сурх ва хушк шуда меафтанд. Ҳангоми аз ҳад зиёд гардидани зараррасонии он шона,гул ва кураки майда ҳам хушк шуда мерезад.Дар мавсим аз 16 то 24 насл медиҳад.
Нишонаи аввали пайдоиши
Тортанаккана дар зироатҳо ба таври давра давра ё ҳалқа ҳалқа дар қисман ҷойҳо пайдо мешавад.
Ҳавои хушку гарм ва хокборишҳои фасли тобистон ба афзоиш ва паҳншавии тортанаккана мусоидат мекунад.
Дар ҳолати сари вақти бароҳ мондани чораҳои мубориза бар зидди зараррасонҳои мавҷуд буда, як муборизаи хуби саривақти, камхарҷ ва бе талафоти зиёд ба ҳисоб меравад. Зимни сафари корӣ аз боғи Дустии шаҳраки Шарора маълум гардид, ки баъди чораҳои агротехникиву кимиёвии бароҳ монда бар зидди касаливу ҳашаротҳо, дарахтони боғ дар ҳолати хуб қарор дошта,таъсири касаливу зараррасонҳо дида намешуд.
Инчунин дар идомаи сафари корӣ аз боғи Хуталон аз тарафи мутахассисони соҳа муайян карда шуд,ки боғ дар ҳолати хуби фитосанитарии қарор дорад. Баъди тоза кардани қатори дарахтон аз алафҳои бегона ва истифодаи чораҳои кимиёвӣ бар зидди касаливу ҳашаротҳои зараррасон,ки тавасути дастуру тавсияҳои олимони муассиса гузаронида мешуд, дарахтони боғ дар ҳолати хубӣ нашъунамо қарор дошт, ки ин аз натиҷаи хуби фаъолияти илмии кормандони муассиса далолат мекунад.