Тибқи барномаи оид ба ҳамкорӣ олимони Институти ҳифзи растанихои Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар хоҷагиҳои зироаткорӣ ва боғу токпарварии вилояту ноҳияҳо, дар ҳудуди ноҳияи Данғара мушоҳидаҳои илмӣ оид ба зарар ва паҳншавии ҳашаротҳои зараррасону касалиҳо вохурӣ бо хоҷагидорон ва мутахассисон баргузор гардид.
Дар рафти вохуриҳо оид ба пешгирӣ ва мубориза барзидди ҳашарот ва касалиҳои зироатҳои кишоварзӣ тавсияҳои илман асоснок пешниҳод гардид.