Роҳбарият ва кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хабари даргузашти фоҷиавии Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Алишер Мирзонабот бар асари садамаи нақлиётӣ сахт андӯҳгин гардида, ба аҳли хонавода, пайвандону наздикони марҳум, инчунин ба роҳбарият ва кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамдардии самимӣ ва тасаллияти амиқи худро иброз менамояд.
Мирзонабот Алишер Худойбердӣ ҳамчун роҳбари кордон, сиёсатмадори соҳибтаҷриба ва фарзанди содиқу вафодори Ватан дар татбиқи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми арзишманд гузоштааст.
Фаъолияти пурсамар, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, садоқат ба давлату миллат ва хизматҳои шоистаи ӯ дар роҳи рушди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Тоҷикистони азиз ҳамеша бо эҳтироми хоса ёди мардум хоҳанд шуд.
Даргузашти нобаҳангоми ин шахсияти ватандӯст талафоти бузург барои ҷомеа ва давлат маҳсуб ёфта, хотираи неку корномаи ибратбахши ӯ дар қалби мардум абадан боқӣ хоҳад монд.
Хотираи некашон ҷовидон ва рӯҳашон шод бод.