Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, тарғиби арзишҳои баробарӣ ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон, инчунин таҳкими мавқеи занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва рушди ҷомеа, санаи 25-уми сентябри соли 2026, мизи мудаввар дар мавзӯи «Ҳуқуқи занон ва баробарии гендерӣ» баргузор гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ иброз доштанд, ки “Ман дар мулоқоту суханрониҳои худ борҳо гуфтаам, ки занону модарони бонангу номуси мо дар таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми бисёр арзишманд гузоштанд.”
Намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон- Машрабзода Азим зимни суханронӣ оид ба масъалаҳои вобаста ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои занон, фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои занону мардон, баланд бардоштани нақши занон дар ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни суҳбат таъкид гардид, ки эҳтиром ва ҳифзи ҳуқуқи занон яке аз самтҳои муҳими рушди ҷомеаи ҳуқуқбунёд ба ҳисоб рафта, таъмини имкониятҳои баробар барои занону мардон барои рушди устувори ҷомеа аҳамияти муҳим дорад. Ҳамзамон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва огоҳ намудани онҳо аз ҳуқуқу уҳдадориҳои худ метавонад ба пешгирии табъиз ва дигар ҳолатҳои поймол гардидани ҳуқуқи инсон мусоидат намояд.
Иштирокчиёни мизи мудаввар оид ба масъалаҳои пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон, таҳкими мақоми зан дар ҷомеа, дастгирии иштироки занон дар соҳаҳои гуногун ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ андешаҳои худро баён намуданд.
Дар идомаи чорабинӣ байни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқии занон, дастрасӣ ба имкониятҳои таҳсилу меҳнат ва таҳкими фарҳанги эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар фарҷом таъкид карда шуд, ки ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии занон ва таъмини баробарии гендерӣ масъулияти муштараки давлат, ҷомеа, оила ва ҳар як шаҳрванд буда, барои бунёди ҷомеаи одилона, пешрафта ва устувор заминаи муҳим фароҳам меорад.