Таҳти ҳамин унвони санаи 5 майи соли 2026 дар бинои муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ ташкил ва баргузор гардид. Дар корӣ конфронс намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор иштирок ва бо маърӯзаҳо суханронӣ намуда, муҳимтарин масъалаҳои соҳаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Қайд карда шуд, ки таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои охир боиси он гардид, ки заминаҳои ташкилию ҳуқуқӣ, кадрӣ ва техникии Саридораи ҳифзи сирри далватии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил ёфта, баҳри пешбурди босамари фаъолият шароитҳои созгор фароҳам оварда шуданд.
Вазъи имрӯзаи рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ пешрафти босуръати илму техника, ташабусҳои нав дар рушди давлатдорӣ аз ҷумла ҷорӣ гардидани низоми ҳукумати электронӣ истифодаи техналогияҳои муосир дар фаъолияти соҳаҳои муҳими давлатӣ таваҷҷӯҳи бештарро тақозо дошта, доир ба мавзӯҳои пешбинигардида аз ҷониби иштирокчиёни конференсияи ибрози андеша сурат гирифт.
Дар идомаи ҳамоиши ҷумҳуриявӣ таҷрибаи миллӣ ва байналмиллалии ҳифзи техникии иттилоот мавриди муҳокима қарор гирифта, баҳри такмили он пешниҳодоти судманд ироа гардиданд.
Айни замон, Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот барои солҳои 2022-2026 амалӣ гардида, дар асоси қонунгузорӣ ҳамасола 6 май ҳамчун рӯзи кормандони соҳаи сирри давлатӣ таҷлил мегардад.
Ҳамоиши сатҳи ҷумҳуриявӣ дар фазои самараноки ҷорӣ анҷом ёфта, дар интиҳо баҳри такмили самтҳои алоҳидаи корӣ қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.