Мувофиқи Нақҳаи кории Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026, санаи 28 апрели соли 2026 бо иштироки масъулони мақоми низоми махфияти Прократураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон машваратӣ корӣ дар мавзӯи “Омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот: ҷавобгарӣ барои вайрон намудани талаботи онҳо” баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории чорабинии болозикр, мавриди таҳлилу омӯзиш қарор додани низоми миллии ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот, сари вақт муайян намудани камбудию нуқсонҳо ва пешниҳоди таклифҳои мушаххас доир ба бартараф намудани онҳо мебошад.
Чорабинии мазкур ба тарзи мубоҳиса ва кори амалӣ баргузор гардида, иштирокчиён дар фарҷом мубодилаи афкор ва таасуроти нек намуданд.