Тибқи нақшаи кории Саридора бо иштироки сармуҳаррирони рӯзномаю маҷаллаҳои давлатӣ ва масъулони сомонаҳои расмии мақомоти давлатии минтақаи Кӯлоб санаи 17 апрели соли 2026 семинар машваратӣ омӯзишӣ дар мавзӯи “Пешгирии ифшои сирри давлатӣ дар матбуот ҳангоми интишори мавод ва мушкилоти расонидани нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо” баргузор гардид.
Зикр карда шуд, ки ҳадаф аз ташкил ва баргузории чорабинии болозикр ин баланд бардоштани дониши масъулони матбуоти даврӣ, сармуҳаррирони маҷаллаву рӯзномаҳои давлатӣ ва масъулони сомонаҳои расмии мақомоти давлатӣ дар самти ҳифзи сирри давлатӣ, ҳамзамон ба таваҷҷуҳи ҷиддии онҳо расонидани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирии ифшои сирри давлатӣ ва масъулият барои расонидани нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо мебошад.