Дар доираи Нақшаи кории Саридора бо кормандони телевизиони Кӯлоб ҷиҳати пешгирии ифшои сирри давлатӣ бо ҷалби васеӣ кормандон семинар-машварати корӣ доир карда шуд. Дар вохӯрии мазкур аз ҷониби кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ дар мавзӯҳҳои қонунгузории соҳаи сирри давлатӣ маърӯзаҳо ироа карда шуданд.
Қайд карда шуд, ки дар замони муосир, ки бо рушди босурати технологияхои иттилоотӣ, густариши интернет ва афзоиши тавсири шабакаҳои иҷтимоӣ тавсиф мешавад, васоити ахбори омма ба яке аз нерӯҳои асосии ташаккули ҷомеа табдил ёфтааст. ВАО имрӯз на танҳо воситаи интиқоли иттилоот, балки як абзори муҳими таъсиррасонӣ ба шуури ҷамьияти, сиёсати давлатӣ ва суботи иҷтимоӣ мебошад. Дар чунин шароит масьалаи ҳифзи сирри давлатӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад, зеро ҳангоми ифшои сирри давлатӣ дар ВАО он метавонад ба амнияти миллӣ ва иқтидори мудофиавии кишвар зарари ҷидди расонад.
Дар фарҷоми семинар-машварати корӣ ҷонибҳо мубодилаи афкор намуданд.