(Ба ифтихори 6-май ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ)
Ҳифзи сирри давлатӣ яке аз намудҳои фаъолияти асосии мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дорои маҷмӯи чораҳои ташкилию ҳуқуқӣ, техникӣ, криптографӣ ва оперативӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, ҳифзи сирри давлатӣ як ҷузъи муҳими фаъолияти давлатӣ маҳсуб ёфта, зери ин мафҳум метавон банақшагирӣ ва амалигардонии тамоми тадбирҳои имконпазири қонуниро дарк намуд, ки бо мақсади дастраси шахсони бегона нагардидани маълумоти дорои сирри давлатӣ истифода мегарданд.
Лозим ба зикр аст, ки мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти ҳифзи сирри давлатӣ – Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, пайваста тадбирҳои назаррасу судмандро баҳри таҳкими фаъолият ва муҳайё намудани заминаҳои ташкилию ҳуқуқии соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ амалӣ намуда истодааст, ки ин тадбирҳо ҷиҳати ҳалли мушкилоти соҳа дар кишвар мусоидат менамояд.
Тибқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сирри давлатӣ” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои салоҳиятҳои зерин мебошад:
- сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ муайян мекунад;
- роҳбарии умумии фаъолияти системаи ҳифзи сирри давлатиро амалӣ менамояд;
- номгӯйи шахсони мансабдори мақомоти давлатиро, ки ваколати ба сирри давлатӣ мансуб донистани маълумотро доранд, тасдиқ менамояд;
- шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи истифода ва ҳифзи муштараки маълумоти дорои сирри давлатӣ ба имзо мерасонад;
- дар бораи додани сирри давлатӣ ба давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва байнидавлатӣ амр мебарорад;
- дар бораи додани рухсат ба сирри давлатӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд, инчунин шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки доимӣ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, амр мебарорад;
- ҳуқуқи ғайримахфӣ гардонидани маълумоти дорои сирри давлатиро дорад;
- ваколатҳои шахсони мансабдорро ҷиҳати таъмини ҳифзи сирри давлатӣ дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад;
- Комиссияи байниидоравӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис медиҳад ва низомномаи онро тасдиқ менамояд;
- дигар ваколатҳоро оид ба масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
Ташаккули низоми ҳифзи сирри давлатӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ зери таваҷҷуҳи бевоситаи Ҳукумати кишвар ва махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин давра ба ҳама ҷанбаҳои соҳа тағйироти куллӣ ворид гардида, тадбирҳои судманд ҷиҳати рушди соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ андешида шуд.
Яке аз иқдомоти бузурге, ки дар соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ бевосита бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омад, ин қабули Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 мебошад, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июли соли 2022, №377 тасдиқ гардидааст. Барномаи мазкур яке аз дастовардҳои беҳтарини соҳа дар даврони соҳибистиқлолӣ арзёбӣ гардида, инак соли 5-ум аст, ки дар доираи он як қатор чорабиниҳои муҳими ҷумҳуриявию минтақавӣ, инчунин семинар-машваратҳо, курсҳои такмили ихтисос, курсҳои сайёри омӯзишӣ ва конференсияҳои соҳавӣ ташкил ва баргузор гардида истодааст.
Дарҷ намудан ба маврид аст, ки фаъолият оид ба ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот қисми таркибии низоми амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, вазъи имрӯзаи рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ, зиёд гардидани мукотиба ва гардиши ҳуҷҷатҳо бо истифода аз маълумоти дорои сирри давлатӣ, рушди илму техника ва ташаббусҳои нав дар роҳи рушди давлатдорӣ, ки тарҳрезӣ ва амалигардонии онҳо тавассути реҷаи махфӣ амалӣ мегарданд, тақозо менамоянд, ки талаботи меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот, ки асосҳои ҳуқуқӣ ва низоми ҳифзи сирри давлатиро ба манфиати таъмини амнияти миллӣ муайян менамоянд, пурра ва самарабахш амалӣ карда шаванд. Рушди давлатдорӣ ва дар муносибатҳои ҳамаҷониба қарор доштани Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ тақозо менамояд, ки низоми миллии ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот пайваста такмил дода шуда, ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонида шаванд. Аз ин лиҳоз, мақоми ваколатдори давлатӣ дар ин самт дастгоҳҳои муҳофизатӣ ва воситаҳои нави техникӣ дар доираи Барномаи давлатии соҳавӣ харидорӣ ва барои анҷом додани корҳои сертификатсиониву аттестатсионӣ дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо бо гурӯҳи мутахассисон сафарбар карда мешавад. Омодасозии кадрҳои соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот яке аз масъалаҳои муҳими соҳа маҳсуб ёфта, Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар ин самт як қатор тадбирҳои судмандро амалӣ намуда истодааст. Яке аз тадбирҳои муҳиму назаррас дар ин самт ин таҳсили ҷавонони лаёқатманду забондон дар донишгоҳу донишкадаҳои олии хориҷи кишвар ва ҷалб намудани онҳо барои фаъолият дар Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ мебошад.
Дар ин росто, қайд бояд намуд, ки Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ дар доираи дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бевосита муайянкунандаи сиёсати давлатӣ дар самти ҳифзи сирри давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, барои таҳсил дар муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар ба Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости расмӣ пешниҳод намуда, тибқи он дар соли 2024, 2 нафар ва дар соли 2025, 5 нафар донишҷӯёни тоҷик дар озмуни Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” ғолиб омада, барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи хориҷи кишвар, аз ҷумла ба Донишгоҳи Бирмингеми Британияи Кабир, Донишгоҳи Пейси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Донишгоҳи Албертаи Канада барои таҳсил дар ихтисосҳои ҳифзи амнияти иттилоотӣ ва таъмини низоми автоматикунонӣ, технологияҳои информатсионӣ ва барномасозӣ дар соҳаи ҳифзи техникии иттилоот фиристода шуда, бо ҳар як донишҷӯ шартномаи сеҷониба миёни Вазорати маориф ва илм, Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ ва донишҷӯ ба имзо расонида шудааст.
Чунин як таваҷҷуҳи сатҳи баланд ва ба сифати як фаъолияти муҳими давлатӣ пазируфта шудани ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот боис ба он гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо мақсади таъминоти моддию молиявӣ, техникӣ, инфрасохторӣ ва меъёрию ҳуқуқии соҳа ҳама шароитҳои созгори фаъолият фароҳам оварда шуданд.
Бо дастгириҳои пайваста ва иштироки бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2023 бинои наву замонавии Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази ҳифзи техникии иттилоот, сертификатсия ва экспертиза”-и Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ифтитоҳ гардида, барои кормандони соҳа дар вилояти Хатлон шароити созгор фароҳам оварда шуд.
Бо пешниҳоди Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” тағйиру илова ворид гардида, 6-уми май ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ қабул карда шуд.
Имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандоне, ки корашон ба сирри давлатӣ алоқаманд мебошад дорои имтиёзҳо буда, дар ҳаҷми 15 фоиз ҷубронпулӣ мегиранд. Ин ҳам бошад, дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро нисбат ба кормандони дорои рухсат ба сирри давлатӣ муайян менамояд.
Дар маҷмуъ мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот пайваста чорабиниҳои гуногуни омӯзишӣ ва санҷишҳои дахлдори соҳавиро дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо баргузор намуда, минбаъд низ Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ баҳри ҳадафмандона ва босифат татбиқ намудани сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ тадбирҳои муассирро дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷумҳурӣ роҳандозӣ менамояд.
Адабиёти истифошуда:
АБДУЛХАЙР Абдураҳмонзода,
Сардори Раёсати ташкили коргзорӣ, назорат ва кор бо кадрҳои Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ