Санаи 14 апрели соли 2026 дар Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалисозии “Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷамъбасти марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) бо иштироки кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид.
Дар рафти чорабинӣ аз тарафи масъули Агентӣ ба иштиркчиён муҳтавои қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионии кишвар, роҳҳои ошкорсозӣ ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаи муқовимат ба ин падидаи номатлуб ва дигар масъалаҳои ҷолиби диққат фаҳмонида шуд.
Ҳамзамон, мақсаду моҳияти санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии самти коррупсия, қабул гардидани стратегия ва барномаҳои миёнамӯҳлати давлатӣ, ки нақши онҳо дар амалишавӣ ва паст гардидани шиддати коррупсия назаррас мебошанд, инчунин масъалаҳои фаъолияти мақомоти дахлдори муборизабаранда бо амалҳои коррупсионӣ ва роҳҳои пешгирии он мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Иброз гардид, ки Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ минбаъд низ дар баробари дигар барномаҳои давлатӣ, вобаста ба Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалишавии чорабиниҳо тибқи нақшаи тасдиқгардида, як қатор чораҳои амалӣ меандешад.