Ҷиҳати иҷрои Нақшаи кории Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ ва татбиқи нақшаи чорабиниҳои “Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм барои давраи то соли 2040” дар Саридора санаи 2 апрели соли 2026 бо иштироки намояндаи Прократураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхонзода Исмоил Бозор семинар – машварати омӯзишӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкурро муовини якуми сардори Саридора оғоз намуда қайд намуд, ки экстремизм ва терроризм аз ҷумлаи падидаҳои хавфноки ҷаҳони муосир ба ҳисоб рафта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар баромадҳояшон таъкид менамоянд, ки “Терроризм ва экстремизм хатари ҷиддӣ ба амнияти миллӣ ва суботи ҷомеа буда, мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар аст”.
Намояндаи Прократураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ қайд намуд, ки стратегияи мазкур ба такмили сиёсати давлатӣ, муайян намудани вазифаҳои афзалиятноки мақомоти давлатӣ ва худидоракунии шаҳраку деҳот, инчунин таҳкими ҳамкориҳои онҳо бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар самти пешгирии экстремизм ва терроризм равона гардидааст.
Семинар-машварати мазкур дар доираи тадбирҳо ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм, инчунин татбиқи ҳадафҳои « Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм барои давраи то соли 2040» доир карда шуд.