Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи модарон таҳти унвони “Нақши занон дар ташаккул ва рушди давлатдории миллӣ”
Дар Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 5 марти соли 2026 ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи модарон таҳти унвони “Нақши занон дар ташаккул ва рушди давлатдории миллӣ” баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, сипас сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ муҳтарам Шералӣ Мирзо иштирокчиёни чорабинии тантанвиро бо муносибати Рӯзи модар табрику муборакбод намуда, қайд намуданд, ки таҷлили Рӯзи модар дар сатҳи давлатӣ нишонаи эҳтирому қадршиносии давлату ҳукумати кишвар нисбат ба занону модарон буда, гувоҳи он аст, ки дар даврони соҳибистиқлоли занон дар ҷомеа ба мақому манзалати шоиста соҳиб гардидаанд.
Дар идома намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Умарова Гулҷаҳон суханронӣ намуда, зикр намуд, ки “Зан – модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими инсоният аст”.
Тибқи барномаи чорабинӣ, аз ҷониби сардори Саридора дар фазои тантанавӣ бонувони фаъоли Саридора бо ифтихорномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.
Дар қисмати ҷамъбасти чорабинӣ тамошои навори кӯтоҳи видеоӣ оид ба Рӯзи модар пешкаши иштирокчиёни чорабинӣ гардид.