Дар доираи нақшаи кории Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот барои солҳои 2022-2026, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 29 июли соли 2022, №377 тасдиқ гардидааст, санаи 26 феврали соли 2026 дар бинои дастгоҳи марказии Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ машварати корӣ дар мавзӯи “Омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи сирии давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот: ҷавобгарӣ барои вайрон намудани талаботи онҳо” баргузор гардид. Машварати корӣ барои раисони комиссияҳои доимоамалкунандаи сохторҳои вазоратҳои корҳои дохилӣ, мудофиа ва Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуда, дар оғоз муовини якуми сардори Саридора муҳтарам Шарифзода Фирӯз иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки машварати корӣ барои раисони комиссияҳои доимоамалкунанда як рӯз идома ёфта, дар он аз ҷониби мутахассисони соҳа ҷиҳати роҳҳои бартарафнамудани камбудиҳои ҳаммонанд дар сохторҳои қудратии кишвар дарс мегӯянд.