“Артиши миллӣ – таҳкимбахши пойдори сулҳу субот ва истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳти ҳамин унвон бо ибтикори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 23 феврали соли 2026 ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба ҷашни 33 – солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, сипас сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал – полковник Шералӣ Мирзо ҳамаи иштирокчиёни чорабинии тантанавиро бо ин санаи таърихӣ табрику муборакбод намуданд.
Зикр гардид, ки тайи 33 сол мешавад, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нерӯи қудратманди низомӣ, сипари боеътимоди давлату миллат ва муҳофизгари дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ табдил ёфта, дар Тоҷикистони биҳиштосо сулҳу субот, ваҳдату якдилӣ ва фазои орому осударо таъмин намуда истодааст.
Артиши миллии Ҷумхурии Тоҷикистон дар муддати беш аз 33 соли мавҷудияти худ собит намудааст, ки ҳамчун сипари боэътимоди Ватан хеле муътамад ва муназзам мебошад. Ин нерӯи низомӣ бо касбият, садоқат, омодагӣ ва қобилияти баланди худ дар таъмини амнияти миллӣ ва ҳимояи арзишҳои давлати соҳибистиқлол саҳми беназир дорад.
Дар идома тибқи барномаи чорабини аз ҷониби сардори Саридора дар фазои тантанвӣ кормандонӣ фаъол бо мукофотҳои соҳавӣ ва рутбаҳои навбатии афсари эҳтиётӣ қадрдони карда шуданд.
Ҳамзамон дар чорабинии мазкур роҳбарияти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар қисмати ҷамъбасти чорабини барномаи фарҳангӣ – ватандӯстона пешкаши иштирокдорони чорабинии мазкур гардид.