Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 17-19 феврали соли 2026 тибқи нақшаи чорабиниҳо дар асоси дастуру супоришҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафари корӣ анҷом доданд.
Ёдовар мешавем, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2022, №АП-188 сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ ба ҳайси намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба таҳия ва амалӣ кардани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вобаст гардидааст.
Дар ин асно, намояндаи Ҳукумати кишвар зимни сафари корӣ бо роҳбарони идораву муассисаҳо, раисони ҷамоатҳо, сохторҳои қудратӣ, ходимони дин ва дигар фаъолони ноҳияи Рӯшон мулқот намуда, доир ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои дахлдори Ҳукумати мамлакат, ки зимни ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026” ироа гардид ва дастуру супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сӯҳбату вохӯриҳои судманд доир намуданд.
Ҳамзамон, оид ба таҷлили ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшон бунёду азнавсозии зиёда аз 50 иншооти ба нақша гирифта шуда, дар 42 деҳаи ноҳияи Рӯшон вобаста ба мушкилоти ҷойдошта дар ин самт бо масъулини соҳа сӯҳбату вохӯрӣ доир намуданд. Инчунин, зимни сафар намояндаи Ҳукумати кишвар дар се ҷамоат, аз ҷумла дар ҷамоати деҳоти Муминшо Абдулвосиев, ҷамоати деҳоти Рӯшон, ҷамоати деҳоти Пастхуф бо сокинон дар доираи шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои дахлдори Ҳукумати кишвар фаҳмондадиҳӣ гузаронида, аз қисми ҳарбии 0444-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуда, бо афсарону сарбозон сӯҳбату вохӯриҳои судманд анҷом доданд. Дар анҷоми боздид ба афсарону сарбозон барномаи фарҳангӣ ва дастархони идона ороста шуд.