Ба ифтихори ҷашни 35 – умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони дастгоҳи марказӣ ва КВД “Марказ” – и Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ ҷиҳати тақвият бахшидан ба худшиносиву худогоҳии миллии хеш аз Осорхонаи миллӣ дидан намуданд.
Кормандони Саридораро директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо истиқбол намуда, ташрифи онҳоро ба ин ниҳоди илмӣ – фарҳангии кишвар хайрамақдам гуфтанд.
Зимни сайри Осорхона кормандони Саридора бо муҳтавои асосии ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об, тағирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо шинос гардиданд.
Пас аз боздид аз толори “Туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” ба Осорхонаи миллӣ боздиди кормандон ба анҷом расид. Қайд карда шуд, ки аҳамияти чунин чорабиниҳо ҷиҳати таҳкими хотираи таърихӣ ва худшиносии миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.