КОРРУПСИЯ: ХАТАР БА РУШДИ ДАВЛАТ ВА ҶОМЕА
Коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки иҷтимоӣ буда, барои рушди давлат ва ҷомеа монеаҳо эҷод мекунад. Ин падида на танҳо ба иқтисодиёт ва идоракунии давлатӣ, балки ба пояҳои ахлоқии ҷомеа низ зарари ҷиддӣ мерасонад. Ҳар қадаре ки коррупсия дар кишвар рушд менамояд, ҳамон қадар иқтисод суст, адолати иҷтимоӣ коста ва эътимоди мардум ба давлат заиф мегардад.
Коррупсия шаклҳои гуногун дорад: гирифтани пора, истифодаи мансаб ба манфиати шахсӣ, суистифода аз ваколати хизматӣ, муносибатҳои хешутаборӣ ва ришвадиҳӣ дар бахшҳои гуногун. Ҳар як шакли он ба поймол шудани ҳуқуқи шаҳрвандон ва барҳам задани баробарии иҷтимоӣ оварда мерасонад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза бо коррупсияро яке аз самтҳои калидии сиёсати давлатӣ қарор додааст. Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия барои давраи то соли 2030 далели равшани ин гуфтаҳост. Қонунгузории амалкунанда, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», заминаҳои ҳуқуқиро барои пешгирӣ ва мубориза бо ин падидаи номатлуб фароҳам овардааст.
Мусаллам аст, ки муқовимат бо коррупсия ва роҳҳои пешгирии он пайваста бо рушди тамаддуни инсонӣ дар шаклҳои нав зоҳир мегардад. Аммо ҷомеаи ҷаҳонӣ, новобаста аз он ки маҳкумкунии дастаҷамъонаи ин падидаи номатлуб ва андозаи бузурги зарари он дар рушди ҷомеа эътироф шудааст, ҳанӯз ҳам дар сатҳи кофӣ ба муваффақият ноил нагаштааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дигар давлатҳои мутараққии замони муосир дар раванди ҷаҳонишавии фарҳангҳои гуногун қарор дорад ва онро муаммои зиёде, аз ҷумлаи терроризм, экстремизм, хариду фурӯши одамон ва гардиши маводи мухаддир, ки сабаби асосии рушди коррупсия мебошад, фаро гирифтааст.
Қобили зикр аст, ки тақрибан кишварҳои олам, ки дорои муносибатҳои расмии байналмилалӣ мебошанд, дар доираи ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ ба комёбию дастовардҳои бузурги қонунгузории миллӣ ноил гардидаанд. Аз ин лиҳоз, воситаи асосии мубориза бар зидди коррупсия ин омӯзиш ва ташвиқу тарғиби таҷрибаи байналмилалӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз роҳҳои асосӣ мебошад. Ба ҳамин тартиб, дар баробари ҳама манбаъҳои ҳуқуқии мубориза бар зидди коррупсия аз асноди ба расмият даровардашудаи байналмилалӣ низ метавон баҳра бурд. Зеро, марому мақсади ҳар гуна асноди байналмилалӣ таъмини озодӣ ва баробарӣ аст. «Коррупсия костакунандаи қонуният, адолат, рушди иқтисодиёт, боварии мардум ба давлат буда, боиси ташвишу нигарониҳои ахлоқиву сиёсӣ мегардад, ки мубориза бар зидди он талошҳои пайгиронаи мақомоти давлатӣ ва аҳли ҷомеа, истифодаи дастовард ва тарғиби фарҳанги миллиро дар ин соҳа талаб мекунад».
Дар Тоҷикистон ба масъалаҳои вобаста бо коррупсия ва заминаҳое, ки ин амалро ба вуҷуд меорад, аҳамияти махсус дода, силсилаи қонунҳо, консепсияҳо, стратегияҳо доир ба ин мавзуъ таҳия гардида, ҷиҳати баланд бардоштани сиёсати зиддикоррупсионӣ корҳои зиёде ба сомон расонида шудааст. Паҳлуҳои гуногуни ин падида мавриди таҳқиқи як зумра олимон ва ташкилотҳои байналмилалӣ қарор гирифтааст. Новобаста ба корҳои анҷомёфта ва таҳқиқотҳои гузаронидашуда, мавзӯи мазкур барои Тоҷикистон ва дигар давлатҳои ҷаҳон ҳамчунон мубрам боқӣ мемонад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст ишора намудаанд, ки «Чунин як падидаи манфӣ ҳамчун коррупсия дар пешрафти ҷомеаи мо, яке аз монеаҳои хеле ҷиддӣ мебошад. Мо бояд тамоми омилҳо ва сабабҳои зуҳури коррупсияро ҳамаҷониба омӯхта, таҳлил намоем ва тамоми қувваҳои солими ҷомеаро барои пешгирии ин зуҳур ва поён овардани шиддати он сафарбар намоем». Бинобар ин, имрӯз муқовимати фаъол бо падидаҳои коррупсионӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат ва ислоҳоти низоми ҳуқуқӣ ба шумор меравад.
Татбиқи ислоҳоти сиёсию маъмурӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҳадафи он таъмини идоракунии самаранок ва шаффофи давлат ва таҳкими демократия мебошад, бо бисёр монеаҳо, аз ҷумла коррупсия мувоҷеҳ мегардад. Мубориза ба ин падидаи номатлуб дар ҳама давру замон диққати ҳамагонро ба худ ҷалб намудааст, чунки он ба рушди иҷтимоию иқтисодии давлатҳо метавонад, таъсири фоҷеабори худро расонад. Ин падидаи номатлуб дар шароити Тоҷикистон низ авҷ гирифта, барои рушди устувори кишвар монеаҳо эҷод мекунад.
Дар замони ҳозира масъалаи таҳияи омилҳои самараноки сиёсию идеологӣ, сиёсию ҳуқуқӣ, сиёсию идоракунии муқовимат бо падидаҳои коррупсионӣ мавриди таваҷҷуҳи ҷиддии ҳам аҳли илм ва ҳам мақомоти ҳокимияти давлатӣ қарор гирифтааст. Зарурати баррасии иқдомот барои муқовимат бо падидаҳои манфии сиёсӣ, ки натиҷаи мушкилоти буҳронӣ дар раванди давлатдорӣ мебошанд, таҳлили сиёсии муқовимат бо коррупсияро дар сатҳи мақомоти ҳокимияти давлатии Тоҷикистони муосир ба масъалаи доғи рӯз табдил додааст.
Аммо мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои давлатӣ нест. Ин мубориза бояд ба ҳаракати умумиҷамъиятӣ табдил ёбад. Ҳар як шаҳрванд, новобаста ба мақом ва вазифааш, мебояд бар зидди амалиёти коррупсионӣ мубориза барад. Агар мардум бо хоҳиши худ ва масъулияти шаҳрвандӣ амал кунанд, сатҳи коррупсия ба таври назаррас коҳиш меёбад.
Дар ин замина, нақши оила ва муассисаҳои таълимӣ хеле муҳим аст. Агар ба кӯдак аз хурдсолӣ ростқавлӣ, поквиҷдонӣ ва нафрат ба амалҳои номатлуб омӯзонда шавад, ӯ ҳеҷ гоҳ дар оянда ба амалҳои коррупсионӣ даст намезанад. Ҳамчунин, ВАО ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд саҳмгузор бошанд ва бо мақолаҳо, барномаҳои тарбиявӣ ва маъракаҳои иттилооти зеҳнӣ мардумро аз ин зуҳурот пок намоянд.
Коррупсия на танҳо ба иқтисод ва идоракунии давлатӣ зарар мерасонад, балки боиси камбизоатӣ, афзоиши бекорӣ ва пастравии сатҳи зиндагии мардум низ мегардад. Ба ибораи дигар, ҳар як амали коррупсионӣ як зарбаи мустақим ба рушди кишвар ва сарнавишти миллат аст.
Бояд дарк намоем, ки мубориза бо коррупсия мубориза барои ояндаи давлат, амнияти ҷомеа ва саодати насли оянда мебошад.
Макнуна Шарифзода,
мудири Бахши таъминоти ҳуқуқии
Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон