Санаи 9 феврали соли 2026, дар бинои Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи “Паёми Пешвои миллат-баёнгари муваффақият ва рушди устувори кишвар” вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар вакили маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддинзода Азизбек, роҳбарияти Саридора, кормандони дастгоҳи марказӣ ва КВД “Марказ”- Саридора иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ вакили маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки Паём ин санади сарнавиштсоз, роҳнамо баҳри иҷрои ҳадафҳои шоиста буда, дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон, нақшаҳои рушди устувори минбаъда дар тамоми самту соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат тарҳрезӣ гардида, вазифа, мақсаду маром, роҳу воситаҳои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ муайян намуда, барои пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла рақамикунонӣ, рушди инфрасохтор, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии аҳолӣ ва истифодаи технологияҳои муосир заминаи боэътимод фароҳам меорад.