Бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни шоири классики тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ ва омӯзиши осору таърихи пурғановату пурифтихори миллати тоҷик ва ба ин васила баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнии кормандон, дар Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ маҳфили “Шоҳномахонӣ” оғоз гардид.
Дар чорабинии мазкур кормандони дастгоҳи марказӣ КВД “Марказ”-и Саридора ва номзади илмҳои таърих, омӯзгори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ Маҳмудов Давлатшоҳ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки бо иқдоми неки фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳасари безаволи ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ “Шоҳнома” аз нав ва бо сифати баланд дар соли 2025 ба нашр расида, тариқи ройгон дастраси ҳар як хонавода гардид.
Ин иқдоми наҷибу камназири Пешвои маърифатпарвари миллат ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон пеш гирифта шуда, ҳадаф аз он, ба таъкиди Сарвари давлат “Пеш аз ҳама, эҳёи ҳофизаи таърихӣ, густариши худшиносию худогоҳии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастии мардум, бахусус, наврасону ҷавонон мебошад”.
Маҳфили “Шоҳномахонӣ” ҳар ҳафта рӯзҳои ҷумъа тибқи нақшаи алоҳида баргузор гардида, дар он аз ҷониби кормандони Саридора оид ба достонҳои мутолеашудаашон доир ба Шоҳнома ҳикоя мекунанд.