Тавре қаблан иттиллоъ дода шуд бо ташаббуси Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ аз санаи 17 то 19 декабри соли равон курси такмили ихтисос барои 35 нафар масъулони мақоми низоми махфияти минтақаи Рашт доир гардид.
Чорабинии мазкур аз ҷониби Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ дар доираи Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, ба шунавандагони курс тибқи барномаи таълимӣ вобаста ба мавзуъҳои мубрами соҳа мутахассисони соҳибтахассус дарс гуфтанд.
Дар охири чорабинӣ ба шунавандагони курси такмили ихтисос Гувоҳномаи хатм супорида шуд.