Ҷиҳати иҷрои банди дахлдори “Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, бо иштироки сармуҳаррирон ва муҳаррирони рӯзномаю маҷаллаҳои муассисаҳои олӣ ва олии ҳарбии шаҳри Душанбе санаи 19 декабри соли 2025 дар мавзӯи “Масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии интишори он ва мушкилоти расонидани нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо” семинари омӯзишӣ доир карда шуд.
Семинари омӯзишӣ бо мақсади баланд бардоштани дониши масъулони матбуоти даврии ҷумҳурӣ, сармуҳаррирони маҷаллаву рӯзномаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар самти ҳифзи сирри давлатӣ дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма, ҳамзамон ба таваҷҷуҳи ҷиддии онҳо расонидани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирии ифшои сирри давлатӣ дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.
Дар семинари болозикр аз ҷониби роҳбарият ва мутахассисони соҳа ба иштирокчиён дар самти пешгирии ифшои сирри давлатӣ ва мушкилоти расонидани нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо маърӯзаҳо карда шуд.