Санаи 11 декабри соли 2025 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон тибқи нақшаи кории Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди дахлдори “Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, бо иштироки масъулони матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори оммаи вилоят дар мавзӯи масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ дар матбуот ва дигар ВАО семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Ҳадаф аз ташкил ва баргузории чорабинии болозикр ин омўзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ, бахусус дар самти пешгирии ифшои сирри давлатӣ дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма, мушкилоти расонидани нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо ва таҳлили саривақтии онҳо ҳамчун воситаи муҳими пешгирии интишори маълумоти дорои сирри давлатӣ дар матбуот ва дигар ВАО буда, дар ҷараёни он масъалаҳои соҳа вобаста ба фаъолияти воситаҳои ахбори омма дар ҳудуди вилояти Хатлон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.