Таҳти ҳамин унвон санаи 9 декабри соли 2025 бахшида ба Рӯзи таъсисиёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, нахуст, бо сухани ифтитоҳӣ роҳбарияти Саридора ҳозиринро ба ифтихори Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шодбош намуд. Мавсуф иброз дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсули иродаи қавӣ, хиради воло, нияти нек, дурандешӣ ва мақому манзалати фарзанди фарзонаи халқи тоҷик Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, бо сабку усули қиёснопазир ба саҳнаи сиёсат омад, ки дар ин муддат дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлатдории навини тоҷикон нақши басо муассир мегузорад.
Дар идома муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Раҳматуллозода Мавзуна суханронӣ намуда, иброз намуданд, ки имсол аз таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 31 сол сипарӣ гардид, ки дар тӯли фаъолияти самарабахши хешро дар тамоми самтҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ дуруст ба роҳ гузошта, ба натиҷаҳои дилхоҳ ва муваффақиятҳои назарас ноил гаштааст.
Дар фарҷом як қатор аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо Ифтихорнома ва Сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.