Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон аз ҷониби Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июли соли 2022, №377 тасдиқ гардидааст, курси такмили ихтисос дар мавзӯи “Натиҷаи таҳлилҳои соҳавӣ дар низоми ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот: мушкилоти ошкоршуда ва роҳҳои бартарафнамоии онҳо” баргузор гардид. Курси мазкур барои кормандони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои вилояти Хатлон санаи 25 то 27 ноябри соли 2025 баргузор гардида, мутахассисони соҳа вобаста ба мавзуъҳои мубрами соҳа, масъалаҳои марбут ба фаъолият, роҳҳои ҳифзи техникии иттилоот ва таъмини он маърӯзаҳо намуданд.
Дар ҷамъбасти чорабини таъкид гардид, ки баргузории чунин курсҳо барои рушди касбии кормандони мақоми низоми махфият аҳамияти бузург дорад. Иштирокчиён пас аз анҷоми курси болозикр бо сертификат сарфароз гардонида шуданд.